Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусавӣ хостори идомаи тазоҳурот шуд


Мирҳусейни Мусавӣ, номзади собиқ ба мақоми раисиҷумҳури Эрон, аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки намоишҳои эътирозӣ алайҳи натоиҷи тақаллубии интихоботро идома диҳанд. Дар изҳороте, ки дар сомонаи интернетии Мусавӣ нашр шудааст, ӯ гуфтааст, ки "бо вуҷуди таҳдидҳо мубориза барои дифоъ аз ҳаққи мардуми Эронро идома хоҳад дод".
Тибқи як хабари дигари ин сомона, дирӯз 70 тан аз устодони донишгоҳҳо баъд аз мулоқот бо номзади собиқи мақоми раёсатҷумҳурӣ Мирҳусейни Мусавӣ боздошт шуданд. Мақомоти Эрон ин хабарро ҳанӯз ташреҳ накардаанд. Гуфта мешавад, ки баъд аз оғози эътирозҳои мухолифин алайҳи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 12 июн садҳо ҷонибдорони мухолифин боздошт шудаанд. Дар пайи саркӯбшавии тазоҳурот дасти кам 17 нафар ба ҳалокат расиданд ва даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG