Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ба зарурати ҳусни ҳамҷаворӣ миёни давлатҳои Тоҷикистону Узбакистон таъкид кард.

Дар ҳошияи ин суханҳо боз шудани ду мактаби узбакӣ барои фарзандони сокинони деҳоти Иторчӣ ва Ғазантарак дар ноҳияи Ғончӣ аз ҷониби ӯро сокинони вилояти Суғд як нишони амалии тақвияти гуфтаҳояш арзёбӣ карданд ва истиқболи гарм ёфт.

Онҳо мегӯянд, суханрониҳои раисҷумҳури Тоҷикистон ба маъние буд, ки халқҳои тоҷик ва узбак паҳлуи ҳам дар ду ҷумҳурии ҳамсояи Тоҷикистону Узбакистон ба сар мебаранд ва ҳифзи муносибати ҳасанаи ин ду халқ ва ҳамин тавр, ин давлатҳо, дар ҳама риштаҳо, чи иқтисод ва чи фарҳангу ҳунар сабаби пойдорӣ ва суббот дар ин кишварҳо хоҳад буд.

Президенти Тоҷикистон умдатан дар назди сокинони узбактабори Суғд, дар ноҳияҳои Ғончиву Спитамен ба ин маънӣ суҳбат мекард. Як сокини деҳаи Иторчии ноҳияи Ғончӣ, Пӯлод Аббос, ки баъд аз маросими кушоиши мактаби нави узбакӣ дар деҳааш дар ин маврид сӯҳбат мекард, мегӯяд, суханронии раисҷумҳури Тоҷикистонро ба навбати худ чун як навъ даъват аз давлати Узбакистон ва раисҷумҳури он барои нармӣ ва густариши муносибатҳо ва тақвияти ҳамкориҳо мефаҳмад, ки вақтҳои ахир ба ташаннуҷ гароидааст. Зеро ки ин халқҳо таърихи чандсадсолаи ҳамзистиву дӯстӣ доранд.

Бар пояи маълумоти расмӣ, ноҳияи Ғончӣ ҳудуди 120 000 аҳолӣ дорад ва беш аз 30%-и онро узбактаборон ташкил медиҳанд.

Як зани сокини ин маҳал дар суҳбат бо РО гуфт, баста будани марз ва талаби раводиди сафар равуои вайро ба назди хешовандонаш, ба шаҳри Бекободи Узбакистон мушкил ва ӯро аз дидори онҳо маҳрум гузоштааст. Ӯ афзуд, аммо барои ислоҳи вазъ ва аз байн бурдани мушкилиҳои сокинон аз сӯи ҳар ду давлат иқдомҳои ҷиддие ба кор бурда намешавад.

Суханронии раисҷумҳур – Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории 5 – рӯзааш ба вилояти Суғд дар бораи таҳкими дӯстиву ҳамбастагии халқҳои тоҷику узбак ва ҳамин тавр, ҳусни ҳамҷаворӣ миёни давлатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҳоле садо медиҳад, ки муносибати миёни ин давлатҳо тира шудааст.

Ҳарчанд оқои Раҳмон дар суханрониҳои расмии худ мушаххасан аз Узбакистон ном намебурд, вале пай бурда мешуд, ки дар баъзе маврид ӯ маҳз ҳамин кишварро дар назар гирифта, ҳарф мезанад.
Узбакистон баъд аз ҳодисаҳои ахири тирандозӣ ва таркишҳо дар Андиҷон амалан марзҳои худро бо ҳамсоягонаш Тоҷикистон ва Қирғизистон баста нигаҳ медорад .

Чанде қабл дар ноҳияи Конибодом мазбонони узбак дар канори деҳаи наздимарзии равот хандақ канда, симхор кашиданд ва барои ворид шудани сокинони ин маҳал ба заминҳои кишти худ мушкил эҷод намуданд.

Коршиноси суғдӣ , Раҳмат Шукуров, мегӯяд, баҳси ҳалношуда сари истифода дар захираҳои обии минтақаро як омили аслие меҳисобад, ки муносибати давлатҳои Тоҷикистону Узбакистонро сард нигаҳ медорад.

Ӯ афзуд, ки давлати Узбакистон ба бунёди НОБ – и Роғун сахт мухолифат мекунад ва иддаъо дорад, ки миллионҳо гектар заминҳои пахтааш камоб хоҳад монд. Дар ҳоле ки Тоҷикистон инро радъ мекунад,

Вале аз нигоҳи бархе дигар аз коршиносони Суғд баҳсҳои обӣ ва марзӣ мушкиле нест, ки дар ҳалли он кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз умла Узбакистону Тоҷикистон дар ҳалли он оҷиз бимонанд. Вале танҳо ба шарте ки мегӯяд, коршинос, Абдувосит Салимзода, давлатҳои ҳамсоя дар ҳалли мушкили миёни ҳам ба истиқболи якдигар бираванд.

Вай афзуд, ки роҳи ҳалли ин мушкил дар бартариҷӯӣ ва зӯргӯиро канор гузоштан ва бо назардошти манфиатҳои якдигар сари мизи гуфтушунид ва созиш нишастани сарони ин давлатҳост.

Дар чунин вазъ изҳори омодагии давлати Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкориҳо бо ҳамсоякишвараш – Узбакистон ва риояти ҳусни ҳамсоягиро, ки аз забони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар зимни сафараш ба Суғд садо дод, қисмати умдаи сокинони Суғд чун як навъ даъват аз давлати Узбакистон ба хотири беҳбуди муносибатҳо ва омодагии Тоҷикистон дар ин самт арзёбӣ мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG