Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии кулли Русия қасд дорад, бозори Черкизово - яке аз бузургтарин бозорҳои Маскавро бубандад.

Александр Бастрикин, сардори кумитаи бозҷӯии додситонии кулли Русия, бозори Черкизоворо “кишваре андаруни кишвар” хонд ва гуфт “додситонӣ ситоде аз намояндагони ҳама ниҳодҳои интизомӣ таъсис дода ва дар наздиктарин замон ин “морхона”-ро хоҳад баст”.

Бозори “Черкизово”, ё ба гуфти тоҷикон “Черкизбозор”, дар шарқи Маскав, дар замине беш аз 200 ҳектор ҷой дорад.

Худодод Ғуломов, дастпарвар ва устоди Донишгоҳи варзишу ҷаҳонгардӣ, ки дар ин бозор дӯкон дорад, дар сӯҳбат бо радио Озодӣ ёдовар шуд ки заминро ба бозор Донишгоҳи варзишу ҷаҳогардӣ иҷора додааст.

Вай гуфт, “даҳ сол аст ин бозорро бастан мехоҳанд, вале бозор ҳамчунон фаъол аст. Агар ҳам баста шавад шаҳрдорӣ маҷбур аст дар дигар ҷой заминеро барои бозор ҷудо кунад. Аммо ман фикр мекунам, ки бозорро якбора нахоҳанд баст ва танҳо башхе аз онро баста ва дигар бахшҳояшро навсозӣ ва рӯзомад хоҳанд кард. Он бозори умумӣ, ки пеш буд, шояд аз байн равад, лекин ман ҳеҷ боварӣ надорам ки чунин хоҳад шуд”.

Ниҳодҳои додгустарии Русия, аз ҷумла додгоҳи доварии Маскав, то кунун се бор дастури бастани ин бозорро додаанд, аммо “Черкизбозор” ҳамчунон гарм аст. Ин бор бозрасон дар анборҳои бозор колоҳоеро ба арзиши 2 миллиард доллар пайдо карданд, ки гуфта мешавад, ҷавобгӯи меъёрҳои амниятӣ ва беҳдоштӣ нестанд.

Додситонии Русия барои баррасии ин қазия парванда кушодааст. Аз дигар сӯ, шаҳрдории Маскав низ ки 20 дарсад аз 72 ҳектор замини бозорро дар ихтиёр дорад, хостори бастани бозор аст.

Баста шудани “Черкизбозор” барои бисёре аз муҳоҷирони тоҷик аз даст рафтани ягона ҷои кору даромадро дар пай хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG