Пайвандҳои дастрасӣ

Бетаваҷҷӯҳии ҳукуматҳо ба ҳалли масоили мазҳабӣ ва муколамаи адён метавонад барои кишварҳои Осиёи Марказӣ пайомади хатарноке дошта бошад.

Ин хулосаи баҳсу баррасии таҳлилгарон ва диншиносон дар як конфронси илмӣ дар шаҳри Душанбе буд.

Дамир Муҳиддинов, коршиноси Русия, дар масоили дин дар ин бора гуфт, «мардум аз давлат ҷудо нест. Мардум пояи давлат ҳаст. Агар давлат дар мавриди сохтмони масҷидҳо, ташкили раёсати рӯҳониён ва ҷамоатҳои исломӣ мухолиф бошад, ин метавонад пайомадҳои даҳшатнокеро дар пай дошта бошад."

Агар давлат дар ин масоил чашмони худро пӯшад ва бигӯяд, бигзор мусалмонон мушкилоти худро худашон ҳал кунанд, ҳақатан ин иқдом метавонад ба хусумат миёни мусалмонон биёрад».

Ба назари таҳлилгарон, бекорӣ, маоши ночиз, фақр, адами барномаҳои иҷтимоии давлат ва аҳзобу созмонҳои ғайридавлатӣ ҷиҳати рафъи бӯҳрони иҷтимоӣ ба сурати умум холигоҳеро ба вуҷуд меорад, ки дар он гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва тундгаро ҷои по пайдо мекунанд.

Зайферта Арне, диншинос аз Олмон, дар ин робита мегӯяд, «омилҳое, ки мардумро ба тундгароӣ мерасонанд, ба мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рабт доранд. Ва ман боварӣ дорам, ки ба ҳамин масоил давлат бояд аҳамияти зиёд бидиҳад, то ки мардум ба гурӯҳҳои тунгарои динӣ напайванданд».

Паём Фурӯғӣ, мушовири ҳуқуқи башар дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки дар ин конфронси илмӣ ширкат дошт афзуд, ки пеш аз ҳама давлат бояд бо гурӯҳҳои мухталифи Ислом имконият бидиҳад, то онҳо сари миз нишаста, мушкилоти худро ҳал кунанд.

Дар ҳамин ҳол Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стротегӣ дар назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ба далели надоштани дониши динӣ мардуми тоҷик пайрави ҳар гуна гурӯҳҳои тундгаро мешаванд.

Ба гуфтаи вай, гурӯҳҳои тундгаро дар баъзе аз ҳолатҳо ба сохтори давлат таҳдид мекунанд ва ба ҳамин далел ин гурӯҳҳо аз сӯи давлат баста мешаванд.

Ба ин тартиб ин нишасту пешниҳодҳо дар ҳоле гуфта мешаванд, ки як рӯз қабл ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон беш аз 40 нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар созмони Салафия дар масҷиди маҳаллаи "Зарафшон"-и пойтахт боздошт карданд ва ба дарвозаи ин масҷид мӯҳр заданд.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ то кунун танҳо як нафар пас аз бозпурсии ниҳодҳои интизомӣ раҳо карда шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG