Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рашид Раҳимов - мурабии тими фуболи Тоҷикистон?


Мураббии собиқи дастаи футболи “Локомотив”-и Маскав Рашид Раҳимов шояд ба қарибӣ мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон таъин шавад. Ба иттилоъи расонаҳои Русия, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон аллакай бо Рашид Раҳимов дар тамос шуданд, то ки бо ӯ мавзӯъи имзои қарордодро баррасӣ кунанд.
Гуфта мешавад, ки айни ҳол дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба мураббии варзида ниёз дорад, зеро даста аз идомаи мубориза барои ширкат дар бозиҳои қаҳрамони ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2010 ва бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё дар соли 2011 маҳрум шудааст. Рашид Раҳимов, ки айни ҳол дар Австрия ба сар мебарад, ба расонаҳо ӯ гуфтааст, ки сарнавишти дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои ӯ бетафовут нест ва аммо дар бораи идомаи фаъолияти худ дар симати мурабии дастаи футбол ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG