Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати нӯҳ нафар ба асари обхезӣ дар Чехия


Теъдоди қурбониёни обхезӣ дар минтақаи Моравия, воқеъ дар шарқи Ҷумҳурии Чех, то нӯҳ нафар расид. Бар асари боришоти пайдарпайи рӯзҳои ахир оби рудхонаҳо аз соҳилҳо берун шуд. Ба гуфтаи шоҳидон, сатҳи об он қадар ба зудӣ боло рафт, ки мардум имкони тарки манзилҳои худро наёфтанд. Айни ҳол чанд минтақаи аҳолинишин зери об мондааст. Ҳаракати қатораҳо ва нақлиёт ба минтақаи офати табиӣ қатъ гардид.
Мақомоти Ҷумҳурии Чех дар Моравия вазъи фавқулодда эълон карданд, амалиёти аз ин минтақа берун кардани мардум идома дорад.
Имрӯз дар бархе манотиқи ҷануби Лаҳистон ҳам обхезӣ ба амал омад.
XS
SM
MD
LG