Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руслан Аушев дубора ба Ингушистон бармегардад?


Тасмим дар бораи муваққатан раисиҷумҳури Ингушистон таъин кардани Руслан Аушев фақат аз сӯи президенти Русия гирифта мешавад. Дар ин бора дар як нишасти хабарӣ дар Маскав мушовири раисиҷумҳури Ингушистон Мусо Плиев иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол, тибқи Қонуни асосии Ингушистон, ваколати сарвари ҷумҳурӣ бар дӯши сарвазир уфтодааст. Аз ин пеш раисиҷумҳури собиқи Ингушистон Руслан Аушев изҳор карда буд, ки омода аст то сиҳат шудани раҳбари феълии ҷумҳурӣ Юнусбек Евкуров раёсати ҷумҳуриро бар дӯш гирад. Интизор меравад, ки имрӯз анҷумани фавқулоддаи мардуми ингуш аз раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев хостори муваққатан дар мақоми раҳбари ҷумҳурӣ таъин кардани Руслан Аушев шавад.
Юнусбек Евкуров рӯзи душанбе бар асари як сӯиқасд ҷароҳати сангин бардошт. Дар канори шаҳри Назран як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро ба корвони мошинҳои Юнусбек Евкуров равона кард. Дар ин ҳодиса як муҳофизи раисиҷумҳур кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Баъдан дар бемористон ронандаи мошини раисиҷумҳур низ аз олам даргузашт. Юнусбек Евкуров айни ҳол дар яке аз бемористонҳои Маскав таҳти назорати табибон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG