Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук ё варзишҳои майдонӣ бо пирӯзии варзишгарони шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Душанбегиҳо, аз ҷумла, 27 медали тилло ба даст оварданд. Дар панҷ навъи рақобатҳо намояндагони шаҳри Турсунзода ғолиб шуданд. Варзишгарони вилояти Хатлон низ дар панҷ намуд ҷойҳои аввалро азони худ карданд. Ду медали тилло насиби варзишгарони вилояти Суғд гардид.

Вале дар ин мусобиқот намояндагони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат наварзиданд.

Душанбегиҳо Влада Овчаренко, Наргис Неъматуллоева, Олга Герасимова, Надима Мирзоева ва Мадина Эргашева, намояндагони шаҳри Турсунзода Нилуфар Мирзоева ва Муниса Раҳимова дар сабқати занон дар давидан ба масофаҳои мухталиф ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.

Намояндагони пойтахти кишвар Галина Митяева дар гурзандозӣ ва партови вазна, Шаҳзода Зиёева дар ҷаҳидан ба дарозӣ ва ҷаҳиши секарата, аъзои дастаи вилояти Хатлон Ҳангомаи Абдуғаффор дар партови диск, Ганҷина Муродова дар ҷаҳиш ба баландӣ ва Мавлуда Асламова дар найзаандозӣ ҷойҳои аввалро касб карданд.

Варзишгарони Душанбе Игор Хан, Сайёд Зайниддинов, Аҷмал Амиров, Фарҳод Қуралов, намояндаи вилояти Суғд Александр Пронженко, варзишгари шаҳри Турсунзода Сотиболдӣ Ҳаитов, узви дастаи вилояти Хатлон Хисрави Иқболшо дар сабқати мардон дар давидан ба масофаҳои гуногун соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Душанбегиҳо Алишер Эшбеков дар гурзандозӣ, Сӯҳроб Хоҷаев дар партови диск, Зоир Яҳёев дар найзаандозӣ, Руслан Аҳмадов дар партови вазна, Александр Болотаев дар ҷаҳидан ба дарозӣ, Исмоил Муродов дар ҷаҳиши секарата, Фаридун Шеров дар ҷаҳидан ба баландӣ байни мардон пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дастаи Душанбе-1 дар эстафетаи 4х100 м ва 4х400 м ҳам байни мардон ва ҳам миёни занон ғолиб шуд.
XS
SM
MD
LG