Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бостоншиносон қадимтарин найро пайдо карданд


Дар қаламрави Олмон қадимтарин асбоби мусиқӣ ошкор шуд. Ба гуфтаи донишмандон, ин най тақрибан 35 ҳазор сол пеш аз устухони паррандаи ваҳшӣ сохта шудааст. Бостоншиносони Донишгоҳи Тюбинген таҳти сарварии Николас Конард 12 пораи найро дар як ғор дар ҷануби Олмон ҳанӯз тирамоҳи соли гузашта пайдо карда буданд. Баъди васл кардани ин пораҳо маълум шуд, ки най 25 сантиметр дарозӣ ва панҷ сурохӣ доштааст. Николас Конард ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, ки, бидуни шубҳа, ин най – қадимтарин асбоби мусиқӣ дар ҷаҳон аст. Дигар бостоншиносон ҳам бо ин гуфтаҳо мувофиқанд.
Зимнан, бостоншиносон зимни ҳамин ҳафриёт шаш пораи муҷассамаи занеро пайдо карданд, ки низ аз устухон сохта шудааст. Ҳадс зада мешавад, ки ин муҷассама низ қадимтарин дар олам аст.
XS
SM
MD
LG