Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии парлумон аз созиши ИМА ва Қирғизистон


Парлумони Қирғизистон созиш миёни ҳукумати кишвар ва ИМА оид ба ташкили Маркази интиқоли амвол барои таъмини Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистонро пазируфт. Марказ дар фурудгоҳи “Манас”-и Бишкек таъсис хоҳад шуд. Созиш дар ин бора рӯзи сешанбе имзо шуда буд. Ба иттилоъи мақомоти Қирғизистон, Марказ фақат ба хотири интиқоли амволи ғайринизомӣ барои Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон ташкил шудааст.
Созиш баъди он ҳосил шуд, ки Вашингтон омодагии худро барои аз 17 миллион доллар то ба 60 миллион доллар боло бурдани қимати иҷораи пойгоҳи низомӣ дар фурудгоҳи “Манас” иброз дошт. Моҳи феврали соли равон Бишкек қарордоди пешин бо ИМА ва дигар кишварҳои узви Эътилофи байнулмилалӣ оид ба истифодаи фурудгоҳи “Манас” ба ҳайси пойгоҳи низомиро лағв карда буд. Гуфта мешуд, ин тасмими Бишкек таҳти фишори Маскав гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG