Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати панҷ полиси ироқӣ дар як инфиҷор


Дар шаҳри Ал-Фалуҷа, воқеъ дар ғарби Ироқ, бар асари инфиҷори минаи рӯи раҳ 5 корманди полис кушта шуданд. Дирӯз бар асари инфиҷор дар маҳаллаи шианишини Садр-Ситии Бағдод дасти кам 72 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳафтаи гузашта таркиш дар як масҷид дар шимоли кишвар мунҷар ба ҳалокати 73 кас шуда буд.
Ба гуфтаи нозирон, ҳамлаҳои террористӣ дар Ироқ дар арафаи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар афзоиш ёфтааст. Низомиёни ИМА бояд то охири ҳамин моҳ шаҳрҳои бузурги Ироқро тарк намоянд. Қаблан Пентагон эълом дошт, ки ба ҷадвали хуруҷи нерӯҳо аз шаҳрҳои Ироқ тағйире ворид карданӣ нест.
XS
SM
MD
LG