Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу даъвати Саркозиро напазируфт


Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, ба думболи ҳамтои амрикоияш Барак Обама аз Исроил даъват кард, ки фавран ва комилан бунёди маҳаллаҳои аҳолинишинро дар Каронаи бохтарии руди Урдун қатъ кунад. Ин изҳороти Саркозӣ баъд аз мулоқоташ бо сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу дар Порис садо дод. Нетаняҳу, дар навбати худ, изҳор намуд, ки ҳукуматаш аз густариши маҳаллаҳои яҳудинишини мавҷуда пуштибонӣ мекунад, зеро ин раванд ба афзоиши хонаводаҳои яҳудӣ бастагӣ дорад.
Имрӯз Нетаняҳу дар Порис бояд бо фиристодаи вижаи раисиҷумҳури ИМА дар Ховари Миёна Ҷорҷ Митчелл низ музокирот анҷом медод. Ва аммо, ба иттилоъи радиои Исроил, ин мулоқот бар асари ихтилофи назарҳо миёни ИМА ва Исроил оид ба бунёди маҳаллаҳои яҳудинишин дар қаламрави ишғолии Фаластин мавқуф гузошта шуд. Тел-Авив дар посух ба даъвати Вошингтон барои хотима бахшидан ба бунёди маҳаллаҳои аҳолинишин дар Каронаи бохтарии руди Урдун низ афзоиши аҳолӣ дар ин маҳаллаҳоро далел оварда буд.
XS
SM
MD
LG