Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз замони ба сари қудрат омадани раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов 20 сол сипарӣ мешавад.

«ОТА» ВА «ЮРТБОШӢ»

Узбакҳо ӯро «Ота» мехонанд ва бархе дар пушташ таҳқиромез “Юртбошӣ”-яш меноманд. Ва аммо гуфта мешавад, Ислом Каримов шояд ягона фардест, ки аз ӯ дар Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар метарсанд.

Тайи 20 соли охир Каримов Узбакистонро дар қабзаи мушти оҳанин нигоҳ медорад ва дар сурати зарурӣ ин мушти худро ба кишварҳои ҳамсоя ҳам нишон медиҳад. Узбакистон бо 28 миллион аҳолӣ аз сернуфустарин кишварҳои минтақа маҳсуб мешавад ва бо ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон марзҳои муштарак дорад.

Ислом Каримов, ки худ иқтисоддон аст, аз дипломатия аҳён-аҳён кор мегирад. Боре зимни суханронӣ дар порлумон дар робита ба маҳви ифтротгароҳои исломӣ ӯ гуфта буд, “агар шумо намехоҳед, пас ба ман силоҳ диҳед, ман худам ба сари онҳо тир меандозам”.

Соли 1990, дар арафаи интихоб шуданаш ба ҳайси раисиҷумҳури Узбакистони шӯравӣ Каримов эълом дошт, ки барои пеш бурдани кишвар ба ваколатҳои фавқулодда зарурат дорад. Вай гуфта буд, “агар шумо фардо маро раисиҷумҳур интихоб кунед, пас ман ба ҳаққи пароканда кардани порлумон ниёз хоҳам дошт. Он вақт ман ҳарфи худро хоҳам гуфт. Ва аммо ҳоло ман аз шумо фарқе надорам”.

КӮҲАНСОЛТАРИН ПРЕЗИДЕНТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Каримов зодаи шаҳри бостонии Самарқанд аст. Ӯ айни ҳол 71 сол дорад ва кӯҳансолтарин аз раҳбарони феълии кишварҳои Осиёи Марказист. Ӯ ва Нурсултон Назарбоев аз он раҳбарони минтақаанд, ки шикасти шӯравиро паси сар гузоштанд ва барои бунёди режими сиёсии худ пардохтанд. Раисиҷумҳур Каримов баъд аз дарёфти истиқлоли Узбакистон маҳдудиятҳо, аз ҷумла, тобеи порлумон будани раисҷумҳурро аз байн бурд ва барои пароканда кардани порлумони замони шӯравӣ иқдом намуд.

Ин иқдом вакили порлумон Шӯҳрат Нусратовро маҷбур сохт, ки аз паёмадҳои ногувори қудрати як фард дар кишвар ҳушдор диҳад: “Шумо аз назорати органи олии интихоботии ҷумҳурӣ берун шуда, ҳукуматро ба дасти як кас медиҳед. Ин ғайримумкин аст, ба ин набояд роҳ дод, рафиқон! Ё моро сарнавишти солҳои 37 ва 40 интизор хоҳад буд. Паёмади инро пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, рафиқон, ба вижа бо назардошти табиати саркаши раисиҷумҳури мо. Агар дар масъала Қонуни асосӣ поймол шудааст ва агар кумитаи конститутсионӣ инро тайид кунад, пас раисиҷумҳур бояд ба истеъфо равад. Ҳама мо аҳли ин толор имрӯз бояд якеро интихоб кунем – демократия ё диктатура. Дар миён интихоби дигар нест”.

Каримов порлумони барояш нохушояндро аз байн бурд ва ба ҷойи он як органи қонунбарори гаправро ташкил кард. То миёнаҳои солҳои 90-ум ӯ ҳама мухолифини сиёсии худро пароканда кард – бештари мухолиифин кишварро тарк намуданд ва доираи фаъолияти онҳое, ки дар Узбакистон монданд, маҳдуд карда шуд.

САРКӮБИИ МУХОЛИФИН

Ислом Каримов гурӯҳҳои исломии мустақар дар кишварро баъд аз ҳодисаҳои бомбгузорӣ дар солҳои 1999 ва 2004 ва ҳамлаи Ҳаракати исломии Узбакистон ба кишвар беамон саркӯб намуд. Таъқибу фишор аъзои ин гурӯҳҳоро маҷбур сохт, ки дар кишварҳои ҳамсоя панаҳ баранд. Моҳи майи соли 2005 артиши Узбакистон намоиши эътирозии сокинони шаҳри Андиҷонро саркӯб кард. Ҳукумати Узбакистон эълом дошт, ки дар ин ҳодиса 187 нафар кушта шудаанд ва аммо ба иттилоъи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар теъдоди қурбониён ба карат бештар аст.

Ислом Каримов ба думболи ин нашри ҳама расонаҳои хабарии мухолифи ҳукуматро қатъ кард ва дар бораи бастани дафтарҳои радиоҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Би-Би-Си ва Радиои Озодӣ тасмим гирифт ва барои дигарандешӣ дар кишвар ҳатто равзанае боқӣ нагузошт. То охирҳои солҳои 90-ум Каримов ислоҳоти иқтисодиро аз ислоҳоти демократӣ авлотар медонист ва мегуфт, ки ба роҳ мондани ислоҳоти демократӣ дар кишвари аз ҷиҳати иқтисодӣ нерӯманд осонтар аст. Ва ба назар мерасад, ки ин андешаи ӯ ботил ҳам набуд.

ФИШОР БОЛОИ ҲАМСОЯҲО

Тоҷикистон дар ин давра вориди ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Ду кишвари дигар ҳамсояи Узбакистон – Қазоқистон ва Қирқизистон бар асари намоишҳои зиёди эътирозӣ ва мухолифат миёни раисиҷумҳур ва порлумон ба мушкилоти сангини сиёсиву иқтисодӣ мувоҷеҳ буданд. Дар ҳоле, ки бисёр кишварҳои минтақа барои наҷот ба кумаки башарии ҷомеъаи байнулмилалӣ ниёз доштанд, Узбакистон рушд мекард ва мардум аз ҳама хадамоти маишӣ ва барқу газ бархурдор буданд.

Зимнан, Узбакистон ягона кишвари содиркунандаи газ ба Тоҷикистону Узбакистон аст ва ин ба Ислом Каримов имкон медиҳад, ки дар сурати зарурӣ фишорро болои ин ҳамсояҳояш афзоиш диҳад. Аз ҷумла, баъди он ки Қирғизистон барои нахустин бор пули миллии худро баровард ва баъди созиши мақомоти Тоҷикистон бо мухолифин дар соли 1997 Тошканд интиқоли газро ба ин ду кишвари ҳамсоя ҷиддан коҳиш дод.

Бо гузашти 20 соли раҳбарии худкомаи Ислом Каримов бархе аз коршиносон суоле мегузоранд, ки баъд аз сари ӯ Узбакистонро чӣ сарнавиште интизор аст? Системи Ислом Каримов ин гуна бунёд шудааст, ки он комилан дар хизмати раисиҷумҳури феълист ва раҳбари кишвар ягон ҷойгузин надорад. Коршиносон ҳадс мезананд, ки баъди даргузашти Каримов Узбакистон шояд ба шикаст мувоҷеҳ мешавад, ки ин барои ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ паёмади номатлуб хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG