Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Худкушии Маҳмадназар Солеҳов, вазири пешини умури дохилии Тоҷикистон, солгарди ба имзорасии Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд ва боздошти гурӯҳе аз намозгузорони масҷиди воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе аз мҳаводисе ҳастанд, ки нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта бештар ба бозтоби онҳо пардохтаанд.

«Зиндагӣ ва марги вазири дохила» - таҳти ҳамин унвон нашрияи «Азия плюс» дар иртибот ба худкушии Маҳмадназар Солеҳов як матлаберо мунташир кардааст. Дар ин матлаб, ки бо акси Солеҳов дар маросими дафни Олег Захарченко, собиқ сардори ОМОН-и ин вазорат, мунташир шудааст, авомил ва иллали даст ба худкушӣ задани собиқ вазири умури дохилӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст.

Муаллиф навиштааст, ки чун Солеҳов медонист, ки кадом иттиҳомотеро рӯи ӯ бор мекунанд ва дар натиҷа боқии умрро дар паси панҷара мегузаронад худкуширо аз чунин зиндагӣ авлотар донист. Дар ҳамин ҳол Умед Бобохонов, сармуҳаррири «Азия плюс», низ бо интишори гузорише кӯтоҳ зери унвони «Тоифаи дахлнопазир» аз зиндагиномаи Маҳмадназар Солеҳов пораҳоеро ёдоварӣ карда, ӯро аз муқаррабони аслии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хондааст.

Муаллиф ба ин паҳлӯи зиндагии Солеҳов таваҷҷӯҳ мекунад, ки як чунин нафари то ба ин дараҷа наздик, ки битавонад ду маротиба роҳбарии маъмурияти раиси ҷумҳуриро бар ӯҳда бигирад, чи тавр аз марҳамат ва инояти роҳбари давлат маҳрум ва бо ин шеваи талх зиндагиро тарк кунад. Ба ҳар сурат, чи асроре доранд ин тоифаи дахлнопазир, ки гоҳо аслан ошкор намешавад.

Аммо нашрияи «Пайкон» ҳамзамон бо нашри ахбори расмӣ дар бораи худкушии вазири пешини умури дохилӣ назари пайвандони вазири марҳумро низ овардааст, ки ин ҳодисаро на худкушӣ балки куштор арзёбӣ кардаанд.

«Тоҷикистон» - ҳафтаномаи дигари чопи Душанбе навиштааст, ки маросисми дафни вазири собиқи дохилӣ дар зодгоҳаш дар ноҳияи Сарбанд хеле хоксорона ва бо ширкати теъдоди маҳдуди пайвандон ва бидуни ҳузури нафаре аз мақомоти расмӣ сурат гирифтааст. Аммо Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли кишвар, менависад нашрия, дар нишасти матбуотии худ гуфтааст, ки худи ӯ шахсан дар ҷанозаи Солеҳов иштирок доштааст.

Ҳафтаномаи «Миллат» мусоҳибаеро бо Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, раҳбари рӯҳонии ҲНИТ ва вакили пешини МН, дар робита ба рӯзи ваҳдати миллӣ зери унвони «Иштибоҳ ҳанӯз дар митингҳои 1992 рух дод» мунташир кардааст. Оқои Ҳимматзода дар сӯҳбаташ аз фавоиди фаровони имзои Созишномаи сулҳ сӯҳбат карда, вале ҳамзамон аз таҷлили якҷонибаи он ва амдан ба фаромӯшӣ супоридани ҷониби дигари сулҳ изҳори нигаронӣ кардааст.

Ӯ гуфтааст, ки ҳарчанд расонаҳои расмӣ ва мақомот аз зикри ҷониби дигар парҳез мекунанд, аммо мардум медонад,ки сулҳро якҷониб набастааст ва сулҳ ҷониби дигар ҳам дорад. Ҳимматзода аз маросими таҷлили рӯзи Ваҳдат дар шаҳраки Ғарм дар якуним моҳ пеш аз замони реҳлати Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ёдовар шуда, гуфтааст, ки новобаста аз дарди ҷонгудоз устод Нурӣ дар ин рӯз ширкат кард. Вале ӯро на дар ҷойгоҳи ифтихории ҷашнгоҳ, дар канори президент балки қасдан зери офтоби сӯзон ва рӯи курсии пластикӣ шинониданд, ки беҳурматии ошкор ва таҳқири рӯирости шахсияте буд, ки бо имзои худ санади Созишномаи сулҳро ҳукми қонунӣ додааст.

«Фараж» - нашрияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон зери унвони «Калӯшдепутат» матлаберо ба нашр расонида, пулакӣ кардани роҳи Душанбе-Хуҷанд ва тасвиби қонун дар ин замина дар Маҷлиси Намояндагонро як амали нодуруст ва зиёнбор унвон кардааст. Дар ҳоле ки кадом роҳе дигари алтернативӣ вуҷуд надорад, ягона роҳро пулакӣ кардан иштибоҳи бузурги вакилони мардумист.

Вале, навиштааст муаллиф, ӯ дар тааҷҷуб аст, ки чи тавр вакилон аз вилояти Суғд ба ин санад, ки рӯзгори бе ин ҳам талхи мардумро талхтар мекунад, раъй додаанд. Дар ҳоле ки на танҳо ин роҳ, балки дигар роҳҳои кишвар, ки марказро бо музофот пайваст мекунанд, низ бо пули хориҷиён обод мешаванд.

Нашрияи «Озодагон» низ таҳти унвони «Ваҳдати пулакӣ» пулакӣ шудани танҳо шоҳроҳи васлгари шимолу ҷануби кишварро як иқдоме носанҷида ва муғойир бо манофеъ ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ кардааст. Нашрия менависад, «бархе бар ин назаранд, ки депутатҳо садоқати худро мехоҳанд нишон диҳанд. Аммо баро ман ҳеҷ ҳам қобили дарк нест, ки онҳо бо дар хатар гузоштани манфиати миллат барои кӣ садоқати худро нишон медиҳанд?»
XS
SM
MD
LG