Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳо барномаи Амрикоро тағйир надод


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ихроҷи нерӯҳояш аз шаҳрҳои Ироқ дар охири моҳ бар асоси барнома иҷро хоҳад шуд, ҳарчанд тайи моҳи ахир ҳамлаву бомбгузориҳо дар Ироқ авҷ гирифт. Аз ҷумла рӯзи чаҳоршанбе бар асари як бомбгузори дар як бозори Шаҳраки Садри Бағдод тақрибан 70 нафар ҳалок ва бештар аз 100 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар маҷмӯъ дар бомбгузориҳои рӯзҳои ахир дар Ироқ бештар аз сад нафар ҷони худро аз даст доданд. Танҳо чанд рӯз пештар аз таркиш дар Шаҳраки Садр, нерӯҳои Амрико масъулияти ҳифзи амниятро ба ихтиёри худи нерӯҳои ироқӣ супурда буданд.
XS
SM
MD
LG