Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон даъвати G8-ро рад кардааст


Эрон даъвати ширкат дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви гурӯҳи G8 – ро рад кардааст ва дар ҳоле, ки таниши миёни Эрон бо кишварҳои ғарбӣ дар робита ба саркӯбии тазоҳуроти баъд аз интихобот боло гирифтааст. Расонаҳо аз қавли Манучеҳри Муттакӣ - вазири умури хориҷаи Эрон навиштаанд, ки вай қасди ширкат дар нишасти вазирони гурӯҳи G8-ро надорад, ки имрӯз дар шаҳри Триестаи Итолиё ифтитоҳ меёбад. Даъвати Эрон ба нишасти мазкурро, ки роҳҳои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон дар он баррасӣ мешавад, рақиби Эрон ҳукумати Амрико ҳам ҳимоят карда буд. Ба гурӯҳи G8 ҳашт кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон шомиланд. Пештар аз ин хабар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ - раҳбари олии Эрон гуфт, низоми ҷумҳурии исломӣ дар робита ба интихоботи баҳсбарангези 12 июн зери бори зӯр нахоҳад рафт. Бар асоси натиҷаҳои эъломшуда, Маҳмуди Аҳмадинажод - раиси ҷумҳури феълии Эрон, дар интихобот пирӯз шудааст.
XS
SM
MD
LG