Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иқдоми баҳсбарангези вакилони қазоқ


Порлумони Қазоқистон тарҳи қонунеро ба тасвиб расонд, ки назорати ҳукумат бар Интернетро шадидтар хоҳад кард. Дар сурати имзои қонун аз тарафи раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев, санади мазкур иҷоза медиҳад, дастрасӣ ба вебсайтҳои хориҷиро, ки мухолиф ба қонунҳои дохилии Қазоқистон арзёбӣ мешаванд, ғайримумкин намоянд. Бо муаллифони веблогҳо ва муошираткунандагон дар чатҳои интернетӣ низ бар асоси қонуни нав рафтор хоҳад шуд. Мақомоти расмии Қазоқистон мегӯянд, ҳадаф аз қабули қонуни нав, роҳ надодан, ба тавсиъаи вебсайтҳои порнографӣ ва дигар адабиёти ифротиву ношоиста мебошад. Аммо ба гуфтаи гурӯҳҳои ҳомии матбуот, ҳукумат аз ин роҳ мехоҳад, интиқодот аз худро камтар кунад.
XS
SM
MD
LG