Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Куриёи Шимолӣ ба Амрико


Куриёи Шимолӣ дигабора ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳдид кард, ба он хотир ки Вашингтон ва шариконаш аз наздик рафтори Куриёи Шимолиро мушоҳида доранд, ки худро барои озмоиши мушакҳои нав омода мекунад. Хабаргузории давлатии Куриёи Шимолӣ гуфтааст, “агар Амрико ҷанги дигареро оғоз кунад, артиш ва мардуми Куриё, таҷовузгаронро якборагӣ ва барои ҳамеша маҳв хоҳанд кард. Ин таҳдиди Куриёи Шимолӣ баъд аз он садо дод, ки киштии ҷангии Амрико бар асоси амри нави Шӯрои Амнияти Созмони Милал, як киштии Куриёи Шимолиро дунболагирӣ намуд, ки зоҳиран силоҳҳои ғайриқонуниро ба Мянмар интиқол медиҳад.
XS
SM
MD
LG