Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофи дабири кулли НАТО аз...


Дар ҳоле, ки низоъ дар Афғонистон авҷ мегирад, Яаап Де Ҳуп Схеффер – дабири кулли Паймони Низомии НАТО, мегӯяд, нерӯҳои ин паймон қодир ба ҷилавгирӣ аз вуруди шӯришиёни хориҷӣ ба қаламрави Афғонистон нестанд. Яаап Де Ҳуп Схеффер, ки мӯҳлати раёсаташ дар НАТО ба поён мерасад, ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, ҳоло рӯшан нест, ки ҳамлаҳои ахир тундравон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба амалиётҳои низомӣ дар Афғонистону Покистон иртибот мегирад ва ё на. Дабири кулли Паймони Низомии НАТО дар рӯзи аввали нишасти аъзои ин паймон ва шарикони он сӯҳбат мекард, ки рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ифтитоҳ ёфт.
XS
SM
MD
LG