Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди тазоҳургарон бо пулиси Теҳрон


Пулиси Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо садҳо тазоҳургар дар шаҳри Теҳрон бархӯрд кард. Ба гуфтаи шоҳидон, маъмурони пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон, ки ба рағми талаби ҳукумат, дар назди бинои порлумон ҷамъ омада буданд, ба ҳаво тир андохта ва аз гази ашковар низ истифода кардаанд. Пештар аз ин бархӯрдҳо, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ - раҳбари олии Эрон гуфт, низоми ҷумҳурии исломӣ, дар робита ба интихоботи баҳсбарангези 12 июн зери фишор ақибнишинӣ нахоҳад кард. Бар асоси натиҷаҳои эъломшуда, Маҳмуди Аҳмадинажод - раиси ҷумҳури феълии Эрон, дар интихоботи гузашта пирӯз шудааст.
XS
SM
MD
LG