Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин ба тазоҳуроти нав омодагӣ мегиранд


Дар сомонаи интернетии собиқ номзад ба мақоми раисиҷумҳури Эрон Мирҳусейни Мусавӣ иттилоъе нашр шуд, ки мухолифини ҳукумат мехоҳанд дар канори бинои Маҷлис дар Теҳрон гирдиҳамоӣ доир кунанд. Ва аммо дар ин изҳорот дар мавриди даст доштани худи Мусавӣ ба ташкили ин гирдиҳамоӣ чизе гуфта нашудааст. Мирҳусейни Мусавӣ қаблан пешниҳод карда буд, ки барои тафтиши натоиҷи интихобот комиссиюни мустақил таъсис шавад ва аммо раҳбари рӯҳонии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ Хоманеӣ онро рад кард.
Имрӯз Оятуллоҳ Хоманеӣ гуфт, ки низоми кишвараш дар баробари фишор ба хотири бознигарии натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ сар хам нахоҳад кард. Ӯ афзуд, барои татбиқи қонун дар ҳалли мушкили интихобот пойфишорӣ хоҳад кард ва ба гуфтаи ӯ, “на низоми кишвар ва на миллат ба ягон қимате зери бори зӯр нахоҳанд рафт”:
XS
SM
MD
LG