Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мушакӣ ба қароргоҳи Толибони Покистон


Бар асари ҳамлаи мушакии низомиёни амрикоӣ ба як мавзеъи таҳти назорати раҳбари Толибони Покистон Байтулло Меҳсуд даҳҳо нафар кушта шуданд. Ба иттилоъи мақомоти вилояти Вазиристони ҷанубӣ дар ин ҳамла тақрибан 70 ҷангҷӯе ба ҳалокат расиданд, ки дар маросими дафни як мусаллаҳи дигар ширкат мекарданд. Бархе аз масъулини маҳаллӣ бидуни ифшори ному насаб ба хабаргузории Ассошейтед Пресс гуфтанд, ки Меҳсуд низ дар ин мавзеъ буд ва аммо чанд лаҳза пеш аз ҳамлаи мушакӣ онҷоро тарк намуд.
Ҳамлаи мушакӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки артиши Покистон ба ҳамлаи густарда алайҳи ҷангҷӯёни Меҳсуд омода мешавад. Мақомот ин фармондеҳи Толибонро дар ташкили чанд ҳамлаи террористӣ, ба шумули куштори сарвазири пешини кишвар Беназир Бҳутто дар моҳи декабри соли 2007-ум, айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG