Пайвандҳои дастрасӣ

24-уми июн дар назди бинои Иттиҳоди журналистони Қазоқистон ҳамоиши эътирозии дифоъ аз озодии баён баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш журналистон, ҳомиёни ҳуқуқ ва сарони нашрияҳои мустақили кишвар ширкат карданд.

Онҳо бо эътироз аз қонунҳои маҳдудкунандаи интернет ва мушкилоти сунъии нашрияҳои мустақил даҳони хешро бо наворҳои сиёҳу
«ҳукумат [...]ҳуқуқи на танҳо журналистон, балки ҳама одамонро, ки мехоҳанд, ҳақиқатро пайдо кунанд, зери по мекунад."...
сафед баста буданд.

Намошгарон дар даст шиорҳое доштанд мисли «Озодии баёнро на буғӣ карда метавонед ва на кушта», «Есергепов сардабири зиндонии «Алмаати инфо» -- қурбонии озодии баён» ва монанди инҳо.

Тазоҳуркунандагон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки вақтҳои ахир дар кишвар баъзе нашрияҳои озод бо ҳар гуна иттиҳомот баста мешаванд ва дар Қазоқистон қонуни интернет қабул мешавад, ки баъди он дастрасӣ ба интернет ва фаъолияти ин воситаи хабаррасонӣ дар кишвар дучори мушкилот мегардад.

Инга Имонбоева, хабарнигори рӯзномаи «Жас алаш» дар сӯҳбат бо родиои Озодӣ гуфт, ки дастрасӣ ба иттилоъ ҳаққи қонунии ҳар шаҳрванд аст, вале дар Қазоқистон, ки бояд соли оянда сарварии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро соҳиб шавад, дар ин кор саддҳои бисёр мегузоранд."

Инга мегӯяд, «ҳукумат бо бастани рӯзномаи «Тасжарган» ва даъвои зидди рӯзномаи «Свобода слова» ба таври воқеӣ ҳуқуқи на танҳо журналистон, балки ҳама одамонро, ки мехоҳанд, ҳақиқатро пайдо кунанд, зери по мекунад."

Булот Абилов, раиси Ҳизби демократии «Озод» гуфт, ки ҳизби онҳо борҳо ба ҳимояи нашрияҳои озод ва рӯзноманигорони мустақил бархостааст ва ин ҳамоиш низ аз ҷумлаи чунин талошҳост.

Ҳамоиши эътирозӣ дар мавриди ҳимоя аз озодии баён дар рӯзе баргузор шуд, ки порлумини Қазоқистон Қонуни интернетро қабул кард ва акнун тибқи ин лоиҳа ҳама захоири интернетӣ мисли сомонаҳо, чату блогҳо, мағозаҳои интернетӣ, китобхонаҳои электронӣ ва ғайра васоити ахбори умум дониста мешаванд ва дар ҳамин сатҳ дар назди қонун масъулият хоҳанд дошт.

Журналистон ва ҳомиёни озодии баёну аҳзоби мухолифин ин қонунро хилофи озодии баён номиданд ва талаб доранд, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, онро имзо накунад.
XS
SM
MD
LG