Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бетафовутии мардум ба интихоботи Афғонистон


Маъракаи таблиғи номзадҳо дар интихоботи президентии Афғонистон бо мушкилоти амниятӣ ва бетафовутии мардум рӯбарӯаст.

41 номзад барои пирӯзӣ дар интихоботи 20-уми августи президентии Афғонистон вориди сабқат шудаанд. Намоёнтарин нишонаи ин мусобиқа дар аксҳои бешумор дида мешавад, ки дар дару девори шаҳрҳо бо сабаби камии ҷо рӯ-рӯйи ҳам часпонда мешаванд.

Дар 20 то 21 вилояти Афғонистон ҷанг давом дорад ва барои баргузории интихобот ягон имконият нест...
Аммо на дар ҳама шаҳрҳо чунин шӯру шавқ ба мушоҳида мерасад. Хабарнигорони Радиои Афғонистон Озод мегӯянд, дар вилоятҳои ҷануб ва шарқ, мардум на ба интихобот, балки бештар ба амният меандешанд ва дар бархе аз маҳалҳо умуман аз интихоботи сухане ба гӯш намерасад.

Вазъи амниятии 20 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон ба андозае нигаронкунанда аст, ки сарони қабилаи паштунии юсуфзай ҳафтаи гузашта хостори таъхир дар баргузории интихобот шуд. Раҳбари ин шӯро, Мироҷон Соҳиқӣ ин пешниҳодро ба миён гузошт.

Вай гуфт: "Дар 20 то 21 вилояти Афғонистон ҷанг давом дорад ва барои баргузории интихобот ягон имконият нест. Мо аз демократия пуштибонӣ мекунем, аммо ба намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон гуфтем, ки дар шароити мавҷуда интихобот ноқис ва номукаммал хоҳад буд."

Дар ҳоле ки аксари давлатмардони Афғонистон ва нозирони байнулмилалӣ чунин дидгоҳро беш аз ҳад бадбинона мешуморанд, бархӯрди ом ба интихоботи президентии Афғонистон ҳоло метавонад, бепарво ё бетарафона арзёбӣ шавад.

Хабарнигори Радиои Афғонистон Озод дар вилояти ҷангзадаи Ҳилманд, Илёси Дойӣ мегӯяд, бефарқии мардум на танҳо аз вазъи амниятӣ маншаъ мегирад. Онҳо аз интихобот дилсард шудаанд, зеро раъйдиҳии гузаштаашон тағйире дар авзоъ ба вуҷуд наовард, гуфт Дойӣ.

Вай афзуд, интихоботи мақомоти маҳаллии Ҳилманд низ ҳамзамон бо интихоботи президентӣ ҷараён мегирад, аммо номзадҳо танҳо дар маҳдудаи шаҳру рустое бо мардум мулоқот мекунанд, ки вазъ имкон медиҳад.

Дар Қандаҳор, маркази минтақаии Афғонистон то ҳол маъракаи таблиғи танҳо як номзад ба мушоҳида расидааст. Садҳо нафар аз сарони қабилаи баракзай пуштибонии хешро аз президенти феълӣ, Ҳомид Карзай иброз доштанд.

Дар пайванд ба вазъи амниятӣ, чанде пеш, сардори Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, Дейвид Петреус, гуфт, шакке нест, ки ноамнӣ дар Афғонистон ҳамеша мавҷуд буд ва вазъ эҳтимолан бадтар хоҳад шуд.

Тибқи хабарҳои ахири матбуот, раҳбари Толибон, Мулло Муҳаммад Умар, ки ба гуфтаи мақомоти Кобул, дар Покистони ҳамсоя пинҳон шудааст, талош дорад, дубора сафи Толибонро ба ҳам орад.

Раиси кумиссюни марказии интихоботии Афғонистон, Азизуллоҳ Лудин мегӯяд, зимнан дар бархе аз манотиқ ба таъхир андохтани интихобот аз эҳтимол дур нест.

Дар шарқи кишвар асосан дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, маъракае шабеҳи таблиғоти интихоботӣ роҳандозӣ шудааст. Аммо дар деҳоти ин вилоят хабарнигорон боз ҳам аз бефарқию бепарвоии мардум сӯҳбат мекунанд. Ҳарчанд, яке аз онҳо мегӯяд, интихоботи гузашта ҳам дар зери тиру тӯп ҷараён ёфта буд. Вай бар ин аст, ки бетафовутӣ ин ҷо ба маънии дилсардӣ аз ҳукумат ва ноумедӣ аз фардост.

Бо дарки ин вазъият мақомоти афғон ва нозирони байнулмилалӣ боз ҳам умедворанд, ки талоши онҳо ба беҳбуди амният ва ангезиши шӯру шавқ дар фурсати боқимонда тто 20-уми август самара хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG