Пайвандҳои дастрасӣ

Бадрафторӣ нисбати маҳбусон дар Багром?


Гурӯҳи маҳбусони собиқи пойгоҳи низомии ИМА дар Багроми Афғонистон мегӯянд, ки онҳо мавриди бадрафтории нозирон қарор доштанд. Дар ҷараёни як пажуҳиши шабакаи телевизионии Би-Би-Си аксари 27 тани мусоҳибон гуфтанд, ки нозирон онҳоро лату кӯб мекарданд, аз хоб маҳрум месохтанд ва сагҳоро алайҳи онҳо мешӯрониданд. Фақат ду нафар аз маҳбусони собиқ гуфтанд, ки дар ин пойгоҳ шоҳиди бадрафтории нозирон нашудаанд.
Ин афрод аз соли 2002 то соли 2008 бандии маҳбаси пойгоҳи Багром буданд. Низомиёни амрикоӣ онҳоро дар робита бо “Ал-Қоида” ва “Толибон” айбдор мекарданд ва аммо баъдан бидуни бозрасии додгоҳӣ раҳояшон намуданд.
Вазорати дифоъи ИМА ин иттиҳомро рад кард ва изҳор намуд, ки алайҳи маҳбусони пойгоҳи Багром бадрафторӣ сурат нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG