Пайвандҳои дастрасӣ

"Калимаи сабз" нонавишта монд


Дар Эрон 25 хабарнигор ва кормандони нашрияи мутааллиқ ба номзади ноком дар интихоботи раёсатҷумҳур Мирҳусейни Мусавӣ боздошт шуданд. Як аз дабирони рӯзномаи “Калимаи сабз” Алиризо Биҳиштӣ ба хабаргузории AFP гуфт, ки боздошт ба думболи аз сӯи мақомоти расмӣ баста шудани ин нашрия сурат гирифтааст. Баъди эълони натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва шурӯъи намоишҳои эътирозии ҷонибдорони Мирҳусейни Мусавӣ, теъдоди зиёди хабарнигорон ва сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат дастгир шуданд.
Айни ҳол мақомоти амниятии Эрон ба хотири ҷилавгирӣ аз идомаи тазоҳурот дар Теҳрон аз тадобири шадиди амниятӣ кор гирифтаанд. Ҳазорон кормандони пулис ва нерӯҳои амниятӣ шурӯъ аз рӯзи сешанбе ҳама роҳу хиёбонҳои пойтахтро таҳти назорати шадид қарор додаанд. Ахиран Шӯрои Нигаҳбони инқилоби исломии Эрон талаби мухолифин барои баргузории интихоботи навро рад кард ва аммо оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии мазҳабии кишвар, ба ин Шӯро панҷ рӯзи дигар мӯҳлат дод, то ҳамаи шикояту аризаҳои оид ба тақаллубкориҳо расидаро таҳқиқ кунад.
XS
SM
MD
LG