Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА ба рафъи ихтилофи назар бо Русия мутмаин аст


ИМА бовар дорад, ки ихтилофи назар бо Русия дар робита ба мушкили дифоъи зиддимушакӣ дар роҳи идомаи музокирот оид ба маҳдудсозии силоҳи стротегӣ монеъа эҷод нахоҳад кард. Аз ин пеш Маскав эълом дошт, ба коҳиши силоҳи ҳастаӣ ба шарте розӣ хоҳад шуд, ки Амрико тасмимаш дар бораи бунёди сипари мушакӣ дар Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чехро бознигарӣ кунад. Ва аммо Вошингтон мегӯяд, ки ин ду мушкил бояд дар алоҳидагӣ баррасӣ шаванд. Намояндаи вазорати умури хориҷаи Амрико Иан Келлӣ ахиран дар як нишасти хабарӣ дар Вошингтон гуфт: “Мо ин ду масъаларо бо ҳам бастагӣ намедиҳем. Мо назари ҷониби Русияро шунидем. Ва аммо фикр мекунам, мо рӯи ҳадафе тамаркуз хоҳем кард, ки ҳарду раисиҷумҳур муқаррар кардаанд ва ин ҳадаф – коҳиши чашмраси ин силоҳи хатарбор аст”.
Мақомоти ИМА мутмаинанд, ки ихтилофи назар бо Русия рафъ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG