Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико кори сафораташ дар Сурияро эҳё мекунад


Иёлоти Муттаҳида мехоҳад сафири кишварро ба Сурия баргардонад. Имрӯз бархе аз расонаҳои амрикоӣ бо такя ба манбаъҳои худ дар Кохи Сафед навиштаанд, ки эълони расмии ифтитоҳи сафорати Амрико дар Димишқ охири ҳамин ҳафта нашр хоҳад шуд. Сафорати ИМА дар Сурия чаҳор сол пеш баста шуда буд.
Миёнаҳои ҳамин моҳ Ҷорҷ Митчелл, фиристодаи вижаи раисиҷумҳури ИМА дар Ховари Миёна, дар Димишқ бо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад музокирот анҷом дода буд. Митчелл эълом дошт, ки Сурия дар талошҳои дастрасӣ ба сулҳ дар минтақа нақши калидӣ дорад. Сафари фиристодаи вижаи Амрико ба Сурия он вақт чун нишонаи эътидоли вазъ миёни ду кишвар арзёбӣ гардид.
Расонаҳаи амрикоӣ навиштаанд, ки эҳёи фаъолияти сафорати ИМА дар Димишқ як бахши стратегияи раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар робита ба беҳсозии равобити Амрико бо кишварҳои арабӣ ва олами ислом аст.
XS
SM
MD
LG