Пайвандҳои дастрасӣ

Ба ҳаёти Евкуров хатаре таҳдид намекунад


Вазъи раисиҷумҳури Ингушистон Юнусбек Евкуров сангин аст ва аммо ба ҳаёти ӯ хатаре таҳдид намекунад. Дар ин бора сухангӯи раисиҷумҳур Калой Ахилгов дар сӯҳбат бо радиои “Эхо Москвы” хабар дод. Ахилгов ҳамчунин гуфт, ки айни ҳол барои ҳимояти пайвандони раисиҷумҳур ва манзили ӯ аз чораҳои шадид кор гирифта шудааст.
Юнусбек Евкуров рӯзи душанбе бар асари як сӯиқасд ҷароҳати сангин бардошт. Дар канори шаҳри Назран як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро ба корвони мошинҳои раисиҷумҳур равона кард. Дар ин ҳодиса як муҳофизи Евкуров кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Баъдан дар бемористон ронандаи мошини раисиҷумҳур низ аз олам даргузашт. Юнусбек Евкуров айни ҳол дар яке аз бемористонҳои Маскав таҳти назорати табибон қарор дорад. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, ки ба аёдати Евкуров рафта буд, аз табибон хост, ки ӯро “ба саф баргардонанд”.
XS
SM
MD
LG