Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Митчелл ва Нетаняҳу мавқуф гузошта шуд


Мулоқоти фиристодаи вижаи раисиҷумҳури ИМА дар Ховари Миёна Ҷорҷ Митчелл ва сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу мавқуф гузошта шуд. Ба иттилоъи радиои Исроил, ин тасмим бар асари ихтилофи назарҳо оид ба бунёди маҳаллаҳои яҳудинишин дар қаламрави Фаластин гирифта шудааст. ИМА хостори қатъи комили бунёди ин маҳаллаҳост ва аммо Исроил бунёди манзилҳои нав дар ин маҳаллаҳоро мумкин мехонад ва онро бо афзоиши аҳолӣ марбут мекунад. Мулоқоти Ҷорҷ Митчелл ва Бинямин Нетаняҳу бояд рӯзи панҷшанбе дар Порис баргузор мешуд.
XS
SM
MD
LG