Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии амиқи Барак Обама аз вазъи Эрон


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама қабл аз оғози саволуҷавоб бо хабарнигорон дар баёнияе эҳсосоти ҷомеаи ҷаҳониро дар бораи ҳодисаҳои Эрон изҳор намуда гуфт:

“Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷомеаи байналмилал аз таҳдиду, зарбу лат ва боздоштҳои чанд рӯзи ахир “ваҳшатзада ва оташин” шудааст. Ман ин амалкардҳои беинсофонаро маҳкум мекунам ва ман бо мардуми Амрико ба онҳое мепайвандам, ки дар сӯгвории ҳар як ҷони бегуноҳ нишастаанд.”

Аммо Обама нигарониашро аз бархурди ҳукумати Эрон бо мардумаш бисёр эҳтиёткорона изҳор мекард. Алорағми нигарониҳо дар бораи он, ки чи тавр саросемавор мақомоти Теҳрон дар бораи пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихобот эълом намуд, Обама дар бораи шеваи баргузории интихобот зиёд сӯҳбат накард.

Вай гуфт, “ИМА ба ҳокимияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳтиром мегузорад ва ба умури дохилии он кишвар дахолат намекунад. Ва агар бар муқобили мардуми бегуноҳ нерӯ истифода шавад, дар кадом ҷое ки набошад, мо нигарон мешавем”. Обама афзуд, ки шеваи баргузории интихобот кори худи мардуми Эрон аст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки Обама ҳангоми ин изҳорот чанд мавриди дахолати баҳсбарангези ҳукумати Амрико ба умури Эрон дар асри 20-ро дар ёд дошт. Бо вуҷуди ин суханони эҳтиётомезаш раҳбари Амрико гуфт, иттиҳомоти мақомоти Теҳрон дар мавриди дахолати Амрико ба умури дохилаи он кишвар ба возеҳ як дурӯғи маҳз аст.

Обама Теҳронро инчунин барои кӯшиши инзивои мардумаш аз роҳи ихроҷи хабарнигорони хориҷӣ аз кишвар ва маҳдудсозии дастрасӣ ба телефону василаҳои алоқаи интернетӣ сарзаниш кард. Вай афзуд, ки ағлаби ин кӯшишҳо ноком буданд ва ҷаҳон медонад, ки мардум аз роҳи осоишта адолат меҷустанд.

Обама гуфт, мо шоҳиди тазоҳуроти даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми Эрон будем, мо шоҳиди шаҳрвандони аз ҳар синну сол будем, ки бо таҳти хатар гузоштани ҷони худ, хостори шумориши оро ва хоҳони шунидани садои худ шуданд. Аммо аз он муҳимтар мо шоҳиди заноне будем, ки дар баробари ваҳшигарӣ ва таҳдид истодагарӣ карданд ва шоҳиди тасовири такондиҳандаи як зан будем, ки хунаш дар хиёбон рехт. Гарчӣ ин гуна ҷон додан дардноку ноҳақ аст, аммо инро низ медонем, ононе, ки барои адолат ба по мехезанд, ҳамеша дар таърих ҳақ ба ҷониби онҳост.

Обама гуфт, ки Амрико ва дигар кишварҳо ва созмонҳои Ғарб рафти интихоботи Эронро пайгирӣ намекарданд ва ба ҳамин хотир ҳам ягон далели қотеъ надоранд, то ки бигӯянд, интихобот мунсифона буд ё хайр.

Аммо вай афзуд, ки эрониҳо бовар доранд, ки раъйҳояшонро ба инобат нагирифтаанд. Обама гуфт, ки агар Эрон баргузории интихобот ва бархурд бо мардумашро ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ бикунад, он кишвар метавонад ҳурмату эҳтироми ҷаҳонро касб намояд. Ҳоло, афзуд вай, ҷаҳон мунтазир аст, ки оё Эрон барои чунин интихоб омода аст ё хайр.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG