Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 50 ҷангҷӯи Толиб дар Покистон


Бар асари силсилаи ҳамлаҳои мушакии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико ба мавзеъҳои Толибон дар Покистон тақрибан 50 нафар кушта шудаанд. Мақомоти покистонӣ мегӯянд, дар ҳамла ба маросими дафни чанд ҷангҷӯи Толибон вилояти Вазиристони Ҷанубӣ воқеъ дар марзи Покистону Афғонистон 40 нафар ҷангҷӯ ҷон доданд. Он ҷангҷӯён Толибон дар ҳамлаи шабеҳи як рӯзи пеш ба ҳалокат расида будаанд. Вазиристони Ҷанубӣ аз такягоҳҳои аслии Байтуллоҳ Маҳсуд як фармондеҳи Толибон аст, ки нерӯҳои Покистон барои ҳамла ба ҷангҷӯёни тобеъи ӯ дар минтақаи мазкур омодагӣ мегиранд.
XS
SM
MD
LG