Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се сарбози Олмонро дар Қундуз куштанд


Се сарбози олмониро дирӯз дар наздикии шаҳри Қундузи Афғонистон куштаанд. Вазорати дифоъи Олмон гуфт, ба сӯи ин сарбозон ҳангоми гаштзаниашон дар шашкилометрии ҷанубуғарби шаҳри Қундуз тирандозӣ кардаанд. Олмон, ки дар Афғонистон бештар аз 3700 сарбоз дорад, то кунун 36 сарбози худро дар он кишвар талаф додааст. Сарбозони Олмон дар ҳайъати нерӯҳои байналмилалии ба раҳбарии НАТО хидмат мекунанд.
XS
SM
MD
LG