Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳви як тамрингоҳи Толибон дар Покистон


Шоҳидони айнӣ ва мақомоти Покистон мегӯянд, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико ба маросими дафни тундравоне мушак андохтааст, ки пештар дар як чунин ҳамла кушта шудаанд. Дар ин ҳамла, ки дар минтақаи қабоилнишини Мокин воқеъ дар вилояти Вазиристони Ҷанубӣ сурат гирифтааст, дасти кам 2 нафар кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Пештар аз ин мақомоти Хадамоти ҷосусии Покистон гуфтанд, ки як ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико дар ҳамин минтақа ба як тамрингоҳи Толибон дар ҳамин минтақа се мушак андохта ва ҳадди аққал се нафарро кушт.
XS
SM
MD
LG