Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хашми Обама аз рафтори давлати Эрон


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико гуфт, аз зарбу лат, таҳдиду боздошти тазоҳургарон дар Эрон “ ваҳшатзада ва хамшгин” шудаст. Дар як баёнияи тундлаҳне Барак Обама рӯзи сешанбе гуфт: "Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷомеаи байналмилал аз таҳдиду, зарбу шат ва боздоштҳои чанд рӯзи ахир “ваҳшатзада ва оташин” шудааст. Ман ин амалкардҳои беинсофонаро маҳкум мекунам ва бо мардуми Амрико ба онҳое мепайвандам, ки дар сӯгвории ҳар як ҷони бегуноҳ талафшуда нишастаанд." Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин иттиҳомоти давлати Эрон доир ба он ки, Иёлоти Муттаҳида, тазоҳуроти азими ахир дар он кишварро таҳрик додааст, “ба возеҳ дурӯғи маҳз” номид. Пештар аз ин баёнияи Барак Обама, Шӯрои Нигаҳбон, олитарин ниҳоди нозири қонун дар Эрон талаби мухолифон барои лағви натиҷаҳои интихоботро рад кард. Айни замон матбуоти Эрон мегӯяд, ки Оятуллоҳ Алии Хоманай, ба ниҳоди нозири интихобот панҷ рӯзи дигар мӯҳлат додааст, то иддаъоҳо доир ба таққалуб дар интихоботи рӯзи 12 июнро таҳқиқ кунад.
XS
SM
MD
LG