Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби фармондеҳи Толибони Покистон кушта шуд


Як фармондеҳи тундравон, ки рақиби Бейтуллоҳ Меҳсуд-фармондеҳи Толибон дар Покистон мебошад, кушта шудааст. Пулис мегӯяд, Қорӣ Зайниддин аз тири марди мусаллаҳе дар шаҳраки Деро Исмоил Хон ба қатл расидааст. Зайниддин тавассути матбуоти маҳаллӣ ба Меҳсуд паём фиристода буд, ки душмани вай аст. Ҳукумат дастур дода буд, ки нируҳояш бар зидди Меҳсуд мубориза кунанд. Меҳсуд дар қатли Беназир Бҳутто-нахуствазири пешини Покистон гунаҳгор дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG