Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозии нируҳои Қирғизистон бо тундравҳо


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, як афсари нируҳои амниятии ин кишвар ҳангоми тирандозӣ бо шӯришиёни машкуки исломӣ дар ҷануби Қирғизистон захмӣ шудааст. Ба гуфтаи Бакит Сеитов-сухангӯи вазорати дохила, нируҳои амниятӣ имрӯз хонаеро дар як ноҳияи вилояти Ҷалолобод ба муҳосира даровардаанд, то шахсеро боздошт кунанд, ки ба эҳтимоли зиёд бо гурӯҳҳои тундрав иртибот дорад. Сухангӯ дар бораи ҷузъиёти ин тирандозӣ маълумот надодааст.
XS
SM
MD
LG