Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳҳои мошинрави Тоҷикистон пулакӣ мешавад


Имрӯз намояндагони порламони Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз пешнависи қонуне рай доданд, ки аз пулакӣ шудани роҳҳои автомобилрави Тоҷикистон дар оянда дарак медиҳад. Тибқи тағирот дар қонуни марбута минбаъд воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон ва корхонаҳо барои ҳаракат аз роҳи Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ пул месупоранд. Меъёри роҳпулии мошинҳо то ҳол таъйин нашудааст. Баъзе аз намояндагони порлмон ба ин тасмим мухолифат карданд, вале тағирот ба тасвиб расид. Роҳҳои автомобилрави Тоҷикистон дар ҳоле пулакӣ мешавад, ки ҳар сол ронандаҳо ҳангоми гузаронидани тафтишоти фаннии мошинҳои худ ба давлат пул ё андоз месупоранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG