Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Нигаҳбон лағви натиҷаҳои интихоботро рад кард


Шӯрои Нигаҳбони Эрон лағви ҳар гуна натиҷаҳои баҳсбарангези интихоботи раёсати ҷумҳурии Эронро рад кард. Ин интихобот 12-ӯми июн баргузор шуд ва мухолифон натиҷаҳои онро эътроф намекунанд. Телевизиони давлатии Эрон бо номи "Пресс ТВ" аз номи Аббос Алӣ Кадхудоӣ-сухангӯи Шӯрои Нигаҳбон нақли қавл кардааст, ки ин шӯро "ҳеҷ тақаллуби ҷиддӣ ё холигоҳе дар интихобот пайдо накардааст". Вай гуфтааст, бо назардошти чунин хулоса натиҷаҳои интихобот лағв нахоҳад шуд. Мирҳуссейни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ-рақибони Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури кунунӣ гуфтаанд, натиҷаҳои интихобот дуруст нест ва пирӯзии Аҳмадинежодро зери суол бурдаанд.
XS
SM
MD
LG