Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина эълон шуд


Имрӯз порламони Украина 17-ӯми январи соли ояндаро рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар таъйин кард. Интизор меравад, ки ин интихобот ба рақобати шадиди миёни Юлия Тимошенко-нахуствазир ва Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури Украина табдил ёбад. Мӯҳлати панҷсолаи раёсати ҷумҳурии Юшенко то он вақт ба поён мерасад. Порламон саъй мекард, моҳи октябр интихобот барузор шавад, вале Виктор Юшенко ин талошҳоро нақзи Қонуни Асосии кишвараш арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG