Пайвандҳои дастрасӣ

Фаррух Амонатов – пешсафи сабқати интихобӣ


Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов

Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов

Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов дар сабқати интихобии чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Тошканд пас аз даври 9-ум пешсафи ягона аст.

Вай ягон бозиро набохта, 8 имтиёз ба даст овардааст ва дар сабқати мардон байни 14 шатранҷбози беҳтарини панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон) дар ҷои аввал мебошад. Фаррух Амонатов дар даври 9-ум бар Евгений Пак (Қазоқистон) ғолиб шуд.

Антон Филиппов (Узбакистон) бо 7 имтиёз ҷои дуввум ва Ринат Ҷумъабоев (Қазоқистон) бо 6 имтиёз ҷои севумро касб кардаанд.

Шатранҷбози ҷавони тоҷик Соҳиб Ҷӯраев бо 3,5 имтиёз дар ҷои 10-ум мебошад. Вай дар даври 9-ум бар Руан Манкиев (Қазоқистон) ғолиб омад.

Дар сабқати занон Нафиса Мӯъминова (Узбакистон) байни 11 нафар пешсаф аст. Намояндаи Тоҷикистон Надежда Антонова, ки 1,5 имтиёз ба даст овардааст, дар ҷои пешазохирин – 10-ум қарор дорад. Антонова бозии навбатиашро бо Нафиса Мӯъминова мусовӣ анҷом дод.
XS
SM
MD
LG