Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири Барак Обама вориди Афғонистон шуд


Ҷеймс Ҷонз-мушовири амнияти милии Брарак Обама-раиси ҷумҳури Амрико вориди Афғонистон шудааст, то бар ҷараёни иҷрои стротегияи нави Амрико дар он кишвар назорат кунад. Қарор аст дар охири рӯз оқои Ҷонз бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ва баъзе аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии 20-ӯми август дидор ва гуфтугӯ кунад. Мақомоти Вошингтон мегӯянд, вай ба таври алоҳида бо мақомоти маҳаллӣ, дипломатҳои Амрико, низомиён ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ, ки нируҳояшон дар таркиби эътилоф як ҷо бо нируҳои Амрико дар ҷанг ширкат доранд, мулоқот анҷом медиҳад. Интизор меравад, ки Ҷеймс Ҷонз-мушовири баландрутбаи амниятии Обама баъд аз Афғонистон боздиди худро аз Покистону Ҳиндустон идома диҳад.
XS
SM
MD
LG