Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушакҳои машкук дар Покистон се нафарро куштаанд.


Мақомоти кашфи Покистон мегӯянд, ки се мушаки машкуки Амрико дар шимоли ғарби Покистон ба маркази омӯзишии Толибон бархӯрдааст ва дастикам, се нафар кушта шудаанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ин мушакҳо ба деҳи Наҷмарои Макин, воқеъ дар минтақаи қабиланишини Вазиристон Шимолӣ дар имтидоди марз бо Афғонистон афтодааст. Мақомот аз бурдани номашон худдорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG