Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти қочоқгари асари мунтахаби Шекспир


Кормандони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як шаҳрванди кишварро бо иттиҳоми қочоқи осори таърихӣ, иборат аз асари мунтахаби шоири инглис Уилям Шекспир, дастгир кардаанд. Ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ, сокини шаҳри Душанбе Розияи Шамсизода қасд доштааст, асари мунтахаби Шекспирро, ки дар соли 1904 нашр шудааст ва осори таърихӣ маҳсуб мешавад, тавассути хатсайри ҳавопаймои Душанбе–Маскав ба Русия интиқол бидиҳад. Тибқи қонун, ба берун аз кишвар интиқол додани осори хаттие, ки беш 50 таърих доранд, қочоқ маҳсуб мешавад ва барои ин ҷазо пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG