Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз натиҷаҳои интихоботи Эрон ҳимоят кард


Имрӯз Русия гуфт, ки аз натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ҳимоят мекунад. Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури кунунӣ барандаи ин интихобот эълон шуд. Вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, мубоҳисот роҷеъ ба интихоботи 12-ӯми июн "бояд ба таври қатъӣ тибқи Қонуни Асосии Эрон ва муқаррарот ҳал шавад" ва он "комилан масъалаи дохилист". Аммо мухолифони Эрон даъво мекунанд, ки дар интихобот тақаллуб ҷой доштааст ва бояд интихобот дубора баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG