Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқоти Амрико ва Қирғизистон роҷеъ ба Манас


Бино ба гузоришҳо, Амрико ва Қирғизистон ба тавофуқ расидаанд, ки тибқи он Вошингтон метавонад барои фиристодани кӯмакҳои икмолотӣ ба Афғонистон ба пойгоҳи низомии Манас дастрасии маҳдуд дошта бошад. Гузоришҳо аз Бишкек аз номи мақомоти расмӣ ва манобеъ нақли қавл мекунанд, ки тибқи пешнависи мувофиқатнома ба ҳавопаймоҳои Амрико иҷоза дода мешавад, то онҳо тавассути ин фурудгоҳ танҳо маводи ғайрикушандаро ба нируҳои худ дар Афғонистон интиқол диҳанд. То ҳол Амрико умедвор буд, ки аз ин пойгоҳи низомӣ битавонад ба таври комил истифода кунад. Моҳи феврали соли ҷорӣ Қирғизистон Вошингтонро дар тааҷҷуб гузошт ва тасмим гирифт, ки нируҳои Амрико то 18-ӯми августи соли ҷорӣ ин пойгоҳро тарк кунанд. Ба таври густарда ин тасмим он гуна арзёбӣ мешуд, ки зери фишори Маскав гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG