Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар радифи "давлатҳои ноком"


Тазоҳуроти Хоруғ дар моҳи июни соли 2008.

Тазоҳуроти Хоруғ дар моҳи июни соли 2008.

Бунёди Сулҳ ва маҷаллаи «Foreign Policy” шохиси нави давлатҳои “ноком”- ро нашр карданд, ки давлати Тоҷикистон ҳам ба он шомил шудааст.

Яке аз нишонаҳои аслии “давлати ноком”, ки нотавонии ҳукумат дар назорати тамоми қаламрави кишвар аст ва аломатҳои дигар коҳиши машрӯъияти ҳукумат ва кам шудани эътимоди мардум ба он, заъфи ҳукумат дар ироаи хадамоти муносиби иҷтимоӣ мебошад.
Бунёди Сулҳ мегӯяд, бар асоси як усули хос ва таҳлили 30 000 мақолаву гузоришу пажӯҳишҳо феҳрасти мазкурро таҳия мекунад ва ҳамчунин 12 меъёри сиёсиву иҷтимоиву иқтисодиро ба эътибор мегирад.

Бунёди Сулҳ имсол Тоҷикистон дар феҳрасти “давлатҳои ноком” дар радаи сурх қарор додааст, ки маънии он афзоиши эҳтимоли муноқишаҳои дохилӣ ва таҳдиди ҷиддии ноамнӣ ба суботи кишвар аст.

Коҳиши эътимоди мардум ба ҳукумат, нобаробарии иҷтимоӣ, заъфи додгоҳу, шеваҳои раҳбарӣ, мақомоти заъифи интизомиву низомӣ аз аломатҳое ҳастанд, ки ба гуфтаи Бунёди Сулҳ эҳтимоли ноамнӣ дар Тоҷикистонро афзоиш медиҳанд.

Марк Лукас – пажӯҳишгари Бунёди Сулҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, шеваҳои нодурусти коргузорӣ ва заъфи ҳукумати Тоҷикистон дар зимистони қаҳратуни соли гузашта эътимоди мардум ба онро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додааст.

Гузашта аз ин машрӯъияти ҳукумати Тоҷикистон дар соли гузаштаро баҳои 9, 2 додаанд, ки аз рӯи меъёрҳои Бунёди Сулҳ баҳои бисёр манфист. Марк Лукас сабаби чунин баҳо гирифтани ҳукумати Тоҷикистонро чунин шарҳ дод:

“Машрӯъияти ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунон коҳиш меёбад. Ва агар ҳар дафъа интихоботи солим сурат нагирад, машрӯъияти ҳукумат боз ҳам осеб хоҳад дид. Дар Тоҷикистон аҳзоби сиёсии мухолифи муташаккил вуҷуд надорад ва аломати дигар танбеҳи Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон аст. Агар ҳукумат доир ба вазъи иқтисоду молии он самимӣ набошад, пас дар чашми мардум машрӯъият надорад.”

Дигар аз иллатҳои коҳиши машрӯъият ба гуфтаи Бунёди Сулҳ боз ҳам фасодкорӣ ва адами шафофият дар ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи созмон дар соли 2008 ҳам як мушкили фарогир дар саросари ҳукумат будааст.

Аз назари риояти ҳуқуқи инсон, яке аз меъёрҳои дигари баҳогузорӣ, баҳои ҳукумати Тоҷикистон дар соли ба 8,6 пасттар аз соли 2007 аст ва сабабҳои чунин баҳо гирифтани Тоҷикистонро Марк Лукас чунин шарҳ дод:

“Дар маҷмӯъ вазъи ҳуқуқи башар чандон хуб нест, озодии матбуот, нерӯҳои мухолифи сиёсӣ таҳти суол қарор дорад, нерӯҳои амниятӣ аз посухгӯ нестанд. Ҳамин чиз умедворкунанда аст, ки ҳукумат дарк кардааст, беҳбуд бахшидан ба вазъи ҳуқуқи инсон ба тиҷорати байналмилаливу ҳамкорӣ мусоидат мекунад. Хабарҳои соли гузашта доир ба эҷоди маҳдудиятҳо барои аққалиятҳои мазҳабӣ бахусус хуб набуд. Аммо дар маҷмӯъ авзоъи ҳуқуқи башар ҳамчунон бад боқӣ монд.”

Бунёди Сулҳ мегӯяд, низомиёну маъмурони пулиси Тоҷикистон фосиданд ва бо вуҷуди қонуншиканӣ ва азияту шиканҷаи боздоштшудагон аз ҷазо эмин ҳастанд.

Дар низоми додгоҳӣ, фасоду қавмгароӣ фарогир шудааст ва гузашта аз фишори сиёсӣ мустақилияти додгоҳҳоро бештар таҳти суол мегузорад. Вале ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҷой додани кишвар дар феҳрасти нохушоянди “давлатҳои ноком” бепоя ва асос аст.

Давлаталӣ Давлатов – муовини аввали раиси Ҳизби ҳокими Халқӣ Демократии Тоҷикистон, ва вакили Маҷлиси Намояндагон, ба Радиои Озодӣ гуфт, хулосаи Бунёди Сулҳ дуруст нест, зеро муаллифони гузориши онҳо дар хориҷ ҳастанд ва аз воқеъияти Тоҷикистон бехабаранд:

“Онҳое, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, ҳар нафаре, ки ба Тоҷикистон меояд мебинад, ки эътимоди мардум то чӣ андоза ба раҳбарияти Тоҷикистон баланд аст. То чӣ андоза мардум беш аз пеш дар атрофи раҳбарияти худ муттаҳид ҳастанд, хусусан дар ин даврае, ки ҳаргуна чунин иттиҳомот ва душманиҳо аз ҷониби ҳамсояҳо ба Тоҷикистон афзуда истодааст.”

Давлаталӣ Давлатов ҳамчунин гуфт, иддаъоҳо дар гузориш доир ба афзоиши эҳтимоли шиддат гирифтани авзоъи иҷтимоӣ дуруст нест, зеро тамоми ҷомеаи Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи иқтисод камар бастаанд, “сар аз раиси ҷумҳур то ба ҳар фарди оддӣ.”

Тоҷикистон бори аввал нест, ки ба феҳрасти кишварҳои ноком ворид мешавад ва танҳо чаҳор моҳ пештар Гурӯҳи Байналмилалии Пажӯҳиши Бӯҳронҳо низ бо нашри гузориши махсус дар бораи авзоъи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон гуфт, ин кишвар ба тадриҷ ба Афғонистони ҳамсояааш монанд мешавад ва дар роҳ ба сӯи нокомӣ қадам мезанад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG