Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли раиси ҷумҳури захмӣ ба Маскав


Юнусбек Евкуров - раиси ҷумҳури Ингушистонро, ки рӯзи душанбе бар асари як сӯиқасд сахт маҷрӯҳ шуд, барои муолиҷа ба Маскав овардаанд. Ҳангоми ҳаракат ба сӯи дафтари корӣ як маргталаб мошини бомбгузоришудаашро ба корвони мошинҳои Юнусбек Евкуров равона кард, ки дар натиҷа як муҳофизи раиси ҷумҳури Ингушистон ҳалок ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дмитрий Медведев - раиси ҷумҳури Русия, ин ҳамларо маҳкум намуда ва онро кори дасти бандитҳо хонд. Вай ба хадамоти махсус ва интизомии Русия дастур додааст, то ин омилони ин ҳамларо пайдо намоянд.
XS
SM
MD
LG