Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбон шудани 18 нафар дар Бағдод


Бино ба гузоришҳо, бар асари бомбгузориҳои дирӯза дар шаҳри Бағдод бештар аз 18 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аксари ин ҳамлаҳо дар маҳалҳои умдатан шиъанишини Бағдод ба вуқӯъ пайвастанд. Ду рӯз пештар аз ин бар асари инфиҷори мошини боркаши бомбгузоришуда дар шимоли Ироқ 75 нафар ҷон доданд. Хушунат дар Ироқ дар ҳоле авҷ гирифтааст, ки нерӯҳои амрикоӣ барои хуруҷ аз шаҳрҳои Ироқ омода мешаванд. Сар аз 30 июн онҳо дар пойгоҳҳои низомии худ берун аз шаҳрҳо хоҳанд буд ва танҳо дар сурати даъват ба кӯмаки нерӯҳои амниятии Ироқ хоҳанд шитофт. Бар асоси созиши дутарафа нерӯҳои Амрико бояд то охири соли 2011 қаламрави Ироқро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG