Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба Молдова қарзи бештар ваъда кард


Нахуствазир Владимир Путин гуфт, ки Русия омода аст ҳаҷми қарзи худро ба Ҷумҳурии Молдова то 500 миллион доллар афзоиш диҳад. Дар сӯҳбат бо раиси ҷумҳурии канорравандаи Молдова Владимир Воронин дар Маскав Путин гуфт, ки Русия метавонад қисмати аввали маблағҳоро дар мӯҳлати якуним-ду моҳи оянда ироа кунад. Воронин инчунин бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев мулоқот кард. Баъди интихоботи баҳсбарангези 5 апрели Молдова ин ҷумҳурии шӯравии пешин дучори бебандубориҳои сиёсӣ шуду тарафдорони мухолифин таи чанд рӯз раҳпаймоиву эътирозҳо ташкил карданд. Баъди он ки парлумон натавонист раиси ҷумҳурии ин кишварро интихоб кунад, рӯзи интихоботи такрории Молдова ҳамакнун ба 29 июл таъин шуд.
XS
SM
MD
LG